Ду корхонаи шакар дар вилоятҳои Хоразм ва Тошканди Ӯзбекистон, ки аз моҳи ноябри соли 2017 фаъолияташонро муваққатан қатъ карда буданд, мумкин аст, комилан аз фаъолият боз монанд. Коргарони корхонаҳои мазкур, ки ба рухсатии думоҳа фиристода шуда буданд, шояд  то моҳи апрел дар рухсатӣ боқӣ монанд.

10 январ кормандони корхонаҳои «Хоразм шакар» ва «Ангрен шакар» хабар ёфтанд, ки рухсатиашон се моҳи дигар тамдид шудааст. Дар ҳамин ҳол, қисме аз коргарон аризаи аз кор рафтанро навиштаанд.

«Ман вақте огоҳ шудам, ки рухсатии мо се моҳи дигар тамдид шудааст, тасмим гирифтам, ба Қазоқистон барои мардикорӣ равам. Гуфт, ки агар то моҳи апрел баргардам, корхона мумкин аст, дубора фаъол шавад ва маро ба кор хоҳанд гирифт, вале корхона фаъол нашавад, чӣ? Ман барои ба Қазоқистон рафтан қарз гирифтаам. Бисёре аз ҳамкорони ман аризаи аз кор рафтанро навиштаанд», — гуфтааст яке аз коргарон.

Як коргари дигар аз корхонаи «Хоразм шакар» гуфтааст, ки роҳбарият ба онҳо ҷубронпулӣ напардохтааст.

Дар ин ду корхона ҳудуди 2 ҳазор одам кор мекард. «Хоразм шакар» корхонаи муштараки ӯзбекиву амрикоиву австриягӣ аст ва 60 дарсади талаботи бозори дохилии Ӯзбекистонро бо шакар таъмин мекард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here