Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба иҷрои хатсайрҳои мунтазам дар самти Хуҷанд-Нижневартовск-Хуҷанд шуруъ мекунад.

Парвозҳо дар самти нав дар ду ҳафта як маротиба, рӯзҳои душанбе амалӣ мегарданд. Вақти парвоз аз Хуҷанд соати 09:20, аз Нижневартовск соати 15:20 бо вақти маҳаллӣ муқаррар гаштааст. Парвози аввалин дар самти Хуҷанд — Нижневартовск — Хуҷанд дар таърихи 3 июни соли равон иҷро хоҳад гашт.

Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 8 май парвозҳои ҳарҳафтаинаро дар самти Хуҷанд — Сургут — Хуҷанд ба роҳ мондааст. Хатсайрҳо рӯзҳои чоршанбе дар ҳавопаймоҳои Боинг 737 амалӣ мегарданд. Вақти парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд соати 08:00, аз Сургут соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ муайян гаштааст.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here