Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” дар Чин дар ду бозии аввал пирӯзӣ ба даст овард.

Дар бозии аввали мусобиқа шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи ҳамсолонашон аз Қирғизистон 8 голи беҷавоб заданд. Муҳаммадворис Сайдалиев ва Абдуфаттоҳ Худойдодзода ба номашон хет-трик сабт карданд. Ду голи дигарро Кабир Салимшоев ва Раҳматшо Раҳматзода ба ҳадаф расониданд.

Дар бозии дигар дастаи наврасони Чин бар Мйанма бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.

Бозингарони наврас дар даври дуюм бар наврасони Мйанма бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуданд. Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Хусрав Тоиров (23-юм дақиқа), Меҳрубони Абдурауф (27-ум дақиқа), Муҳаммадворис Сайдалиев (53-юм дақиқа, аз пеналтӣ), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (57-ум дақиқа) ва Муҷовид Шовайсудинов (90-ум дақиқа) заданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” дар шаҳри Вэйнани Чин бози охирашро фардо 10-уми апрел бо дастаи Чин анҷом медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here