Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нақша дорад, ки дар моҳи ноябр ду  бозиҳои дӯстона баргузор кунад.

Мувофиқи ин нақша тими миллии мо рӯзи 7 ноябр бо дастаи мунтахаби Баҳрайн ва 12 ноябр бо тими миллии АМА бозии дӯстона анҷом хоҳад дод. Ҳарду вохӯрии шогирдони Усмон Тошев дар меҳмонӣ, дар Дубай, баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дӯстонаи дарпешистода дар охири моҳи октябр оғоз мекунад.

Ёдовар мешавем, ки бинобар ҷаҳонгир шудани коронавирус, бозиҳои чор даври охирини даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли оянда мавқуф гузошта шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли оянда бо дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Муғулистон ва Мянмар бозӣ мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here