Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо дастаи мунтахаби футболи Урдун ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Бозии навбатии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо Муғулистон аст.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Урдун дар бораи баргузории ду бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ду кишвар ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад ФФТ. Вохӯриҳо байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун рӯзҳои 1 ва 5-уми феврал дар Дубай баргузор мешаванд. Шогирдони Усмон Тошев омодагиро ба ин вохӯриҳо охири моҳи январ оғоз мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 25 март дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбад.

Бозиҳои дӯстона

1 феврал (душанбе)

Тоҷикистон – Урдун

Дубай, АМА

5 феврал (ҷумъа)

Тоҷикистон – Урдун

Дубай, АМА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here