Табиби амрикоӣ Ҷошуа Шаффсин доруҳоеро номбар кард, ки онҳоро набояд дар вақти табобати коронавирус истифода бурд.

«Номзади илмҳои тиб Ҷошуа Шаффсин, ки дар беморхонаи кӯдаконаи амрикоӣ кору фаъолият мекунад, дар бораи доруҳое гуфт, ки онҳоро набояд ҳангоми сироят ёфтан аз коронавирус истеъмол кард», — хабар медиҳад маҷҷалаи Good Housekeeping.

Бино ба гуфтаи ӯ, доруҳое мавҷуданд, ки онҳоро ҳангоми гирифтор шудан ба бемории коронавирус набояд истеъмол кард. Духтури амрикоӣ ва мутахассис дар соҳаи бемориҳои сироятӣ чунин мешуморад, ки барои рафъи нишонаҳои беморӣ истифодаи доруҳои зиддидардӣ ва деконстант номуносиб аст, зеро онҳо рӯдаҳоро суст мекунанд ва организмро аз тоза кардани бактерияҳо ва илтиҳоб бозмедоранд.

Ӯ зикр кардааст, ки барои беҳтар шудани беморон онҳо фақат бояд бисёртар об нӯшанд ва ба организми худ вақт диҳанд, то худаш бо вирус мубориза барад.

Инчунин, табиб илова кардааст, ки сироятшудагон аз асбоби нафаскашӣ даст кашанд, зеро агар нафастангӣ (астма) надоранд, он дар баробари кумак, ба дил зарари худро метавонад расонад.

Дар баробари ин, табиб фаҳмонидааст, ки ҳар доруе, ки дорои “фенилэфрин” бошад, барои бемориҳои дил зараровар аст. Бояд дар назар гирифт, ки ин намуди модда дар бештари доруҳо ба мушоҳида мерасад.

Олимон қаблан ҳушдор дода буданд, ки омезиши антибиотики “азитромицин” бо доруҳои дил барои табобати коронавирус метавонад боиси марг гардад. Ин ҷо сухан сари доруҳои алайҳи фишори хун, антидепрессантҳо, доруҳои зидди вараҷа меравад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here