Доруфурӯшиҳои Русия доруи дармони коронавирусро дастрас мекунанд, ки он «Арепливир» (номи ғайриихтисосии байналмилалии «Фавипиравир», ки қаблан дар табобати эбола истифода мешуд) ном дорад, хабар медиҳад ТАСС дар такя ба маълумоти ширкати «Промомед», ки онро истеҳсол мекунад.

«Ширкат омода аст, ки арепливирро аз рӯзи душанбе ба дорухонаҳо таъмин кунад», — омадааст дар иттилоия.

Аввали моҳи июл хабар дода шуд, ки арепливир дар мубориза бо сирояти нави коронавирус самаранокии баланд (беш аз 90 фоиз) нишон додааст.

Вазорати тандурустӣ ин доруро бо номи тиҷории арепливир рӯзи 25-уми июн тасдиқ кард. Номи байналмилалии ғайриихтисосӣ ё гурӯҳӣ ва ё кимиёвии он «фавипиравир» аст. Дору аз ҷониби ширкати Promomed дар асоси фавипиравир истеҳсол карда мешавад. Қаблан, чунин дору дар табобати бемории эбола истифода мешуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here