Ровии машҳур ва пизишк Елена Малишева гуфтааст, ки доруи «парацетамол» ҳарорати бадани бемори гирифтори коронавирусро паст мекунад ва ҳамзамон омилҳои ин таъсирро шарҳ додааст.

“Ин доруи унверсалист. «Парацетамол» дар саросари ҷаҳон барои ҳама мувофиқ аст”, — гуфтааст ӯ дар барномаи мустақими “Жить здорово!».

Инчунин, Малишева қайд кардааст, ки ин дору ҳатто барои истифодаи занони ҳомила ва барои модароне, ки кӯдаки ширмак доранд, мувофиқ аст.

Ба таъкиди табиб, «аспирин» низ доруест, ки аксари вақт барои паст кардани ҳарорат хизмат мекунад, вале фақат ба шахсоне, ки аз 12-сола боло ҳастанд. Зеро, ҳангоми якбора паст шудани ҳарорати бадани бемор, дору метавонад кашишро ба вуҷуд орад.

Қаблан табибон ҳушдор дода буданд, ки баъзе беморони ба коронавирус гирифторшуда динамикаи ҳарорати ғайримуқаррариро доранд, ки аввал он ба 40 дараҷа наздик ва сипас ниҳоят паст мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here