Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров муваққатан аз ширкат дар Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук маҳрум карда шудааст. Ӯро дар истифодаи допинг гумонбар медонанд. Дар ин бора як созмони мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук хабар додааст.

Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук аз 27-уми сентябр то 6-уми октябр дар Қатар баргузор мешавад, ки дар он варзишгари маъруфи Тоҷикистон, барандаи медали тиллои Олимпиадаи соли 2016 Дилшод Назаров бояд барои роҳхати Олимпиадаи Токио (2020) мубориза мебурд. Гуфта мешавад, ки бо далели гумонбар дар вайронкунии қоидаҳои зиддидопинг ӯ муваққатан аз ширкат дар чемпионат маҳрум карда шудааст.

Пас аз санҷиши намунаҳои допинг аз чемпионати ҷаҳонии соли 2011 дар шаҳри Дегуи Корея дар намунаи ташхиси Дилшод Назаров метаболити манъшудаи туринабол пайдо карда шудааст.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ОИ «АП» гуфтааст, ки ин танҳо гумон асту ягон асноди расмӣ дарёфт накардаанд ва ҳоло Дилшод Назаров дар Қатар қарор дораду ба чемпионат омодагӣ мебинад. Аксуламали ӯ ба онҳо номаълум аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here