Дар як тренинги дурӯза, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мегузарад, меъёрҳои ахлоқи журналистӣ омӯзонида мешавад.

Ин тренинг феълан дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” идома дорад ва он кормандони радио, телевизион, матбуоти даврӣ ва ҳамчунин, донишҷӯёни факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ-ро ба ҳам овардааст.

Барномаи тренинг аз 5 бахш иборат аст. Дар рӯзи аввал бахшҳои “Худтанзимкунӣ ва танзими ВАО”, “Кори амалӣ” , “Тафсири меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ” мавриди омӯзиш қарор дода мешавад ва рӯзи дуюм “Мониторинги риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ” ва Кори амалӣ”-ро дарбар мегирад.

Дар рафти тренинг, тӯли ду рӯз раиси АМВАОМТ (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев дар мавзӯи “Асосҳои худтанзимкунии матбуот”, ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома” Ранжет Ятимов -“Танзими фаъолияти ВАО”,  “Татбиқи амалии меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистони Тоҷикистон” — Н. Қаршибоев ва Р. Ятимов, “Нақзи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар ВАО”- котиби генералии ТҶ “Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ”Зеваршои Муҳаммад баромад карда, малакаи касбии хешро ба рӯзноманигорон меомӯзонанд.

Пагоҳ, дар анҷоми тренинг ба рӯзноманигорон сертификат дода хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here