“Академияи Tcell” шарики расмии робитаи мактаби онлайнии “Илмхона” шуд. Акнун муҳассилини курсҳои “Илмхона” барои омӯзишу таълими бароҳат аз хона соҳиби интернети баландсуръати мобилӣ ва алоқаи боэътимод гардиданд. 

Бо шарофати ин ҳамкорӣ, донишҷӯён аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон имкон доранд бе мушкил ба интернет пайваст шуда, малакаҳои барномасозӣ ва дизайни графикиро омӯзанд.

Сабти ном барои таълим дар давраҳои омӯзишӣ аллакай шурӯъ шуда, Шумо метавонед тавассути пайванди зер номнавис шавед:  https://clck.ru/PuZWj

Дар давоми омӯзиш донишҷӯён аз ширкати Tcell  SIM-кортҳо бо тарофаи «Даркор 160» (барои маълумоти бештар: https://www.tcell.tj/new-tariffs/new-darkor.php) дарёфт карда, ройгон ба платформаи таълимӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.

Дар ҳоли ҳозир, омӯзиши онлайн дар саросари олам васеъ истифода бурда мешавад. Шабакаи глобалӣ имкониятҳои зиёдеро барои омӯзиҳ, азхуд кардани малакаҳои муосир ва гирифтани дипломҳои тасдиқшуда фароҳам меорад. Аммо ҳамаи ин бидуни дастрасии устувор ба интернет ғайриимкон аст. Tcell бо дастгирии мактаби онлайнӣ бо василаи таъмин намудани интернети баландсуръат барои донишҷӯён дар рушду пешрафти бахши маорифи Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here