Муноқишаи ду ҷавон дар кӯчаи Фирдавсиии ноҳияи Фирдавсӣ сабаби ба ҳалокат расидани яке аз ҷавонон гардид. Тавре милитсияи шаҳри Душанбе хабар додааст, ҳодиса шоми 29-уми июн ба амал омадааст.

Кормандони милитсияи пойтахт дар содир намудани ҷиноят Бабаев Ансор Раҳматуллоевич, сокини шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гулбутта, донишҷӯи Донишкадаи телхнологии Тоҷикистонро дастгир карданд. Номбурда ҳангоми муноқиша бо Маҷидов Аюбҷон соли таваллудаш 30-юми августи соли 1998, бо истифода аз корд ба қисми рони пойи чапӣ ӯ задааст. Дар натиҷаи рафтани хуни зиёд Маҷидов Аюбҷон дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Нисбати Бабаев Ансор бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here