Шоми 26-уми апрел донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирсаид Сатторов баъди бад шудани вазъи саломатиаш ба табибони беморхонаи “Истиқлол” дар тамос шуда, аз сардардиву таби баланд ва шамолзадагии роҳҳои нафас шикоят кардааст. Сипас мунтазири омадани мошини ёрии таъҷилӣ нашуда, ҳамроҳи як рафиқи худ, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, ба беморхонаи “Истиқлол” рафтааст.

Рафиқи Мирсаид, донишҷӯ Шодмон Кенҷаев дар сӯҳбати хабарнигори faraj.tj гуфт, “табибони беморхонаи “Истиқлол” бемории Мирсаидро бронхити роҳи нафас гуфтанд”.

– Сипас, мо ӯро ба беморхонаи “Қарияи Боло” бурдем. Баъди ташхис онҳо бемории Мирсаидро пневмонияи дараҷаи якум гуфтанд, – гуфт Шодмон. – Сипас, мо ӯро дар беморхонаи “Истиқол” бистарӣ кардем. Табибон гуфтанд бояд  14 рӯз дар беморхона хоб кунад.

Худи Мирсаид, ки хабарнигори сомонаи “Оила” низ  мебошад, гуфтааст, ки рӯзи 11-уми апрел бо сафари корие ба вилояти Суғд рафта, пас аз баргаштан бо гузашти 5-6 рӯз вазъи саломатиаш бад шудааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 25-уми апрел ситоди ҷумҳуриявии пешгирии коронавирус қарор баровада буд, ки бо мақсади анҷоми чораҳои зиддиуфунӣ дар кӯдакистон, мактаб ва муассисаҳои миёнаи касбӣ то 10-уми май таътил эълон карда шавад.

Донишҷӯёни аз роҳбарияти донишгоҳҳо хостаанд, ки ба онҳо низ таъдил диҳанд.

– Дар ин шабу рӯз эълони таътил ба салоҳи кор хоҳад буд. Бигзор дарсҳо ба вақти дигар монда шавад, – гуфт донишҷӯ Мижгонаи Шариф  ба Faraj.tj. – Ҳоло саломатӣ аз дарс муҳимтар аст. Чанд ҳамсабақам, алакай ба хонаҳояшон рафтаанд. Волидонам низ аз ман хостанд, то ба хона равам.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here