Тибқи фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 29 декабри соли 2017 муассисаҳои олии таълимии хориҷие, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, аз ҳаққи пардохти тамоми намуди андозҳо озод карда шуданд. Дар ин бора CA-News иттилоъ медиҳад.

Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур, қабл аз 1 январи соли 2023, онҳо аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба фондҳои давлатӣ, дар доираи фаъолияти таълимии худ дар Ӯзбекистон, дар робита ба музди меҳнати хориҷиён озод карда шуданд.

То имрӯз дар Ӯзбекистон 7 донишкадаи хориҷӣ ба монанди Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер, Институти Сингапур оид ба идоракунии менеҷмент, Донишгоҳи политехникӣ, Донишгоҳи Инха, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов, филиали Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия ва филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плянова фаъолият мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here