Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Ёсуман Исмонзодаро аз пардохти маблағи таҳсил барои се сол озод намояд.

Ёсуман Исмонзода, духтари 15-солае мебошад, ки ахиран бо истеъдоди фавқулодаи худ  бисёриҳоро тасхир карда, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар барномаи “GeniusKid-2017”-и Русия аз фанни риёзӣ гардид.   

Чӣ гунае, ки ДМТ хабар медиҳад, айни замон Ёсуман дар синфи 9-ум дар литсейи ДМТ таҳсил мекунад ва ғайр аз қобилияти барҷастаи арифметикии равонӣ ӯ дорои рафтори намунавӣ аст. 

Роҳбарияти донишгоҳ дар ҷаласаи Шӯрои илмии ДМТ, қарор қабул намуд, ки тӯли се соли хониш ӯро аз пули таҳсил озод намояд.

Декани факултаи риёзёт, физика ва идоракунии таълимӣ ДМТ роҳбарии Ёсуманро ба уҳда гирифта, ба рушди минбаъдаи қобилияти ӯ мусоидат хоҳад кард.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here