Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғи вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дору ва дигар лавозимоти мавриди ниёз кумак кардааст, ки дар табобати беморони гирифтори коронавирус истифода хоҳанд шуд.

Дар ин бора аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи ДОМ хабар доданд.

Манбаъ мегӯяд, ки кумаки мазкур дар посух ба дархости фаврии роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ гирифта шудааст. Сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ Давлатбеков Саидбек барои саховатмандӣ ва ироаи кумаки башардӯстона ба масъулини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ибрози сипос намудааст.

Бино бар иттилоъ, қаблан Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ироаи ғизо ва дору ба хонаводаҳои ниёзманд бунёдеро таъсис дод, ки бештар аз 100 корманди Донишгоҳ маоши якрӯзаи худро ба фонди мазкур интиқол доданд. Илова бар ин, ба хотири коҳиш додани паҳншавии вируси COVID-19 дар шаҳраки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ омодасозии 50 кат ҷараён дорад. Ҳамчунин, дар пайи афзоиши теъдоди беморони гирифтори COVID-19 дар шаҳри Хоруғ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои пизишкон ва парасторон таҷҳизоти муҳофизатии шахсӣ кумак кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here