Дар шаҳри Давҳаи Қатар Конгресси Федератсияи варзиши сабуки Осиё доир гардид, ки дар он варзишгари маъруфи Тоҷикистон Дилшод Назарво раиси Федератсияи варзиши сабкуи Осиёи Миёна интихоб гардид.

Ин ҷаласа 20-уми апрел дар доираи баргузории Чемпионати варзиши сабуки Осиё доир гашт, ки ҳамчунин чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров раиси Комиссияи варзишгарон интихоб шуд.

Дар кори ҷаласа Доҳлан Ҳамади қатарӣ бори дигар президенти Федератсияи варзиши сабуки Осиё интихоб гардида, ӯ то соли 2023 дар ин мақом хоҳад монд.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласа ноибони президент, узви Кумитаи иҷроия ва дигар ниҳодҳо аз ҷониби аъзои Конгресс интихоб гардиданд.

Варзишгари  шинохтаи тоҷик, чемпиони олимпии соли 1992 ва Чемпиони ҷаҳон дар соли 1993 Андрей Абдувалиев ба ҳайси ноиби президент интихоб гардид.

Дар ин ҷаласа бо дастгирии роҳбарони федератсияҳои варзиши сабуки қитъаи Осиё ба Дилшод Назаров ҷоизаи «Беҳтарин гурзандози Осиё» тақдим карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here