Ҳоло дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар танҳо 2 донишҷӯ аз  хориҷи кишвар таҳсил мекунад. Инҳо аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳастанд.

Директори коллеҷи мазкур Аскар Нуриддинзода, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳоло дар колеҷ 3824 донишҷӯ таълим мегиранд. Соли гузашта 1234 нафар коллеҷи тиббиро хатм кардаанд, ки аз ин 696 нафараш бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Директори колеҷ афзуд, шароит дар ин макон хеле хуб шудааст. Орзуи ягонаи онҳо зиёд шудани донишҷӯён аз хориҷи кишвар  мебошад.

Нуриддинзода гуфт, ки гуруҳҳои мақсадноки коллеҷи тибби шаҳри Бохтар дигар иҷозаи қабули донишҷӯёнро надоранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here