Бо фармони Президенти кишвар раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон аз вазифааш озод карда шуда, ба ҷойи ӯ каси дигар ба ин вазифа таъйин шуд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз 8-уми январ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод гардидааст.

Бо фармони дигари Президенти кишвар, ки худи ҳамон рӯз имзо шудааст, Неъматзода Маликшо Маҳмадшо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъйин карда шуд. Неъматзода дар вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст. Ӯ дар ин вазифа Қосимзода Идигул Тағоро, ки ба кори дигар гузаштааст, иваз кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here