Имрӯз фармонҳои президент дар хусуси тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати кишвар ба имзо ва қарорҳои раиси Ҳукумати ҶТ дар бораи иваз шудани мансабдорон қабул шуданд.

Фармонҳои президент дар бораи аз вазифаи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбониён А.К., дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ озод намудани Қаҳҳорзода Ф.С., дар бораи аз вазифаи директори Маркази миллии қонунгузорӣ озод намудани Раҳимзода М.З., дар бораи вазири молия таъйин намудани Қаҳҳорзода Ф.С., дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин намудани Ҳамрализода Ф.М., дар бораи директори Маркази миллии қонунгузорӣ таъйин намудани Идиев Ф.Ф. ба имзо расиданд.

Ҳамчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти гумрук озод намудани Абдуфатоҳи Ғоиб, дар бораи аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти гумрук озод намудани Каримзода Х.А., дар бораи аз вазифаи муовини сардори Хадамоти гумрук озод намудани Сайдализода С.Қ., дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андоз озод намудани Ҷабборов Р.Т., дар бораи сардори Хадамоти гумрук таъйин намудани Каримзода Х.А., дар бораи муовини раиси Кумитаи андоз таъин намудани Исмоилзода Х.И. қабул шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here