Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон дар байни 12 нафар гурзандоз бо натиҷаи 77,22 метр ҷойи 7-умро ишғол кард.

Варзишгари Лаҳисттон Павел Фадждек бо натиҷаи 79,81 метр ғолиби мусобиқа гардида, соҳиби медали тилло ва 60 ҳазор доллар шуд. Валерий Пронкин медали нуқра ва 30 ҳазор доллар гирифт. Ҷои сеюм ва 20 ҳазор доллар ба намояндаи дигари Лаҳистон Войсех Новинскӣ расид. Ба Дилшод Назаров барои ин мавқеаш 5 ҳазор доллар тақдим карда шуд.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро  гурзаро 78 метру 68 сантиметр партофта соҳиби  медали тилло гашта буд. Дар давоми сол, ӯ такроран ғолиби мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти сарпарастии  IAAF оид гурзандозӣ шуда буд, ки натиҷаи беҳтарини ӯ  80,71 метрро ташкил медод.

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук варзишгари дигари тоҷикистонӣ Кристина Пронженко дар намуди давидан ба масофаи 400 метр бо монеа дар байни 39 нафар охирин шуд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here