Суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Панҷ Диловар Олимовро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Ин мард раиси Суди ноҳияи мазкур Раҳимзода Давлатмандро бо табар захмӣ карда буд.

Аз суди вилояти Хатлон дар суҳбат бо faraj.tj  гуфтанд, ин ҳукм се рӯз қабл, 21-уми ноябр, аз ҷониби судя Пирмаҳмадзода Сайфиддин содир гардидааст.

Наздикони Диловар Олимов мегӯянд, ҳукм пас аз се мурофиаи судӣ оҷилан содир гардид ва сабабҳои ба чунин амал даст задани маҳкумшуда дақиқ мушаххас карда нашуд.

Яке аз бародарони Диловар Олимов, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ба зинаҳои болоии судӣ муроҷиат нахоҳанд кард, зеро ба гуфтаи ӯ, ба тағйир додани чизе дар ҳукм бовар надоранд.

Наздикони Диловар Олимов, ки дар се мурофиаи судӣ дар суди вилояти Хатлон ширкат доштанд, мегӯянд, судяи парванда ба нишондоди ҷабдида, ки ба нишондоди шоҳидони ҳодиса — котиби судӣ, котибаи худи раиси суд Раҳимзода мувофиқ набуд, аҳамият надод.

— Масалан, Раҳимзода гуфт, ки пас аз задан бо табар ба сараш Диловар ӯро боз мавриди латукӯб қарор додааст ва командонаш ӯро аз таги дасти ҳамлагар ба зӯр халос карданд, аммо шоҳидон, ки кормандони суди ноҳияи Панҷ буданд, ҳангоми додани шоҳидӣ дар суд гуфтанд, ки вақте онҳо садои имдодталабонаи судяро шунида, ба утоқаш даромаданд, ҳамлагар дар назди дар меистод ва табар дар дасташ оромона баромада рафт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки судя Раҳимзода дар додани нишондод воҳима мекунад. Инчунин, баробари мо Диловар дар сухани охиринаш гуфт, ки мақсад аз ҳамла танҳо додани сазои судя барои дашномҳояш ба модару занаш буд. Аз ин беш дигар ягон ҳадаф надошт. Ӯ кӯдаконашро аз зани дуюмаш эътироф дошт ва аз додани алимент саркашӣ накарда буд. Пас дашноми судя нисбати зану модар ӯ дар ҳолати ногувор қарор дошт, на ҳама метавонад онро оромона таҳаммул кунанд. Мутаассифона, ин ҷиҳати масъала ба назар гирифта нашуд, — иброз кард бародари маҳкумшуда Д. Олимов.

Ёдовар мешавем, ки нисфирӯзи 31-уми августи соли равон раиси суди ноҳияи Панҷ Раҳимзода Давлатманд аз ҷониби сокини ҳамин ноҳия Диловар Олимов мавриди ҳамла бо табар қарор гирифт, ки дар натиҷа ҷабрдида аз қисмати болои абрӯи рост ҷароҳат бардошт. Табибон ин ҷароҳатро ба категорияҳои сабук ва ба саломати бехавф арёбӣ карда буданд. Судя пас аз ду рӯзи бистарӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ барои идомаи табобат ба шаҳри Душанбе омад ва пас аз 11 рӯзи ҳодиса  ба коргоҳ-суди ноҳияи Панҷ баргашт. Ӯ 11-уми сентябр, дар рӯзи аввали ба кор баргаштан пас аз сӯиқасд дар суҳбат бо faraj.tj иддаои наздикони Диловар Олимовро дар хусуси дашному ҳақорат нисбат ба модару занаш рад карда, гуфта буд, баръакс, ӯ монеи дашному ҳақорат ва латукӯби Олимов нисбат ба зани дуюмаш зимни мурофиаи судӣ шудааст.

Пас аз ҳодисаи cӯиқасд ба ҷони раиси суд Раҳимзода Давлатманд Прокуратураи ноҳияи Панҷ бо моддаҳои 356, 32 ва 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ алайҳи Диловар Олимов парванда оғоз намуда буд, вале баъдан тафтишотро Прокуратураи вилояти Хатлон ба зимма гирифт.

Шамсулло Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here