Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ Душанбе» нишасти матбуотии сафири навтаъини Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози нишаст, Марк Ҷон Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон сухани худро ба забони тоҷикӣ оғоз карда гуфт: «Рӯзноманигорони муҳтарам, номи ман Ҷон Марк Поммершайм аст. Ман хеле хушҳолам, ки кори худро ба ҳайси сафири ИМА дар сарзамини меҳмоннавози тоҷикон шуруъ намудаам.»

— Фаъолият дар Тоҷикистон ва хидмат ба ватани худ ба ҳайси сафир барои ман шарафи бузургест. Ман танҳо ҳафтае пеш ба ин кишвар омадам ва аллакай аз меҳмоннавозии овозадори мардуми тоҷик баҳравар шудам, изҳори андаша намуд Ҷон Марк Поммершайм.

Сипас сафири ИМА сухани худро ба забони англисӣ гардонда иброз намуд, ки: «Дарвоқеъ, кормандони таҳҷоии тоҷики Сафорати ИМА дар Душанбе барои ҳамкорони амрикоии худ ҷашни наврӯзӣ барпо намуданд. Ман таъми суманакро чашидам, он хеле болаззат буд! Ман омадаам бо ин кишвари зебо ва мардуми он боз ҳам бештару беҳтар шинос шавам».

— Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ман ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи худро супоридам. Дар ин дидор ба ҷаноби Раҳмон гуфтам, ки барои густариши ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳам. Афзалиятҳои мо дар ин ҷода инҳоянд: якум, мустаҳкам намудани истиқлолият ва амнияти марзҳои Тоҷикистон. Дуюм, ИМА дар самти афзоиш додани робитаҳои иқтисодии минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон кор хоҳад бурд. Сеюм, мо бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди ниҳодҳои идоракунии давлатии пурмасъулу самаранок ҳамкорӣ хоҳем кард. Дар ҳамаи ин кӯшишҳо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои таҳкими робитаву ҳамдигарфаҳмии мардумони ду кишвар талош хоҳад кард, — илова намуд сафир.

Пас аз анҷоми суханронии сафир, муколомаи ӯ бо рӯзноманигорон доир гардид. Хабарнигорон роҷеъ ба ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА ба суолҳои худ ба сафир муроҷиат намуда, посух пайдо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Марк Ҷон Поммершайм давоми 30 сол дар вазифаҳои дипломатӣ кор карда, таҷрибаи кор дар давлатҳои Чин, Белоруссия, Олмон, Русия ва Ҷопонро доро мебошад. Қабл аз сафир таъин шуданаш дар Тоҷикистон дар вазифаи муовини сарвари Намояндагии дипломатии ИМА дар Қазоқистон кор кардааст.

Сафир Марк Ҷон Поммершайм зодаи шаҳри Питтсбурги иёлоти Пенсилванияи ИМА буда, бо Наталя Поммершайм оиладор ва соҳиби се фарзанди муштарак мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here