Дар деҳаи Фароби ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент, як дидбонгоҳи сарҳадӣ сохта, ба афсарону сарбозони ин қисми низомӣ супорида шуд.

Бинои дидбонгоҳи қӯшунҳои сарҳадии қисми ҳарбии 0203-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маблағгузории ҳукумати маҳалии шаҳри Панҷакент аз тарафи ҶСК «Панҷакентсоз» сохта ба истифода дода шуд.

Дар рӯзи ба истифода додани бинои дидбонгоҳи сарҳадӣ, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода гуфт, ки собиқ бинои дидбонгоҳ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва аз тарафи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ супориш гирифта шуд, ки сарбозон дар муддати кӯтоҳ бо бинои нав таъмин гарданд. Инак, дар тӯли ҳамагӣ чанд моҳ афсарону сарбозон бо бинои нав ва шароитҳои зарурӣ таъмин гардиданд.

Дар охир ба бинокору фаъолоне, ки барои бунёди бинои дидбонгоҳи сарҳадӣ саҳм гузоштанд, аз тарафи ҳукумати шаҳри Панҷакент сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент, яке аз деҳаҳои дурдаст ба шумор рафта, дар 90-километрии ҷануби шаҳр воқеъ гардидааст.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here