13-уми марти соли равон бо иштироки иҷрокунандаи раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар ду деҳаи ҷамоати Далёни болои ноҳияи Деваштич ба сохтмони чор иншоот санги асос гузошта шуд.

Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар деҳаи Далёни поён барои маҳаллаи навбунёд, мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва кудакистон сохта мешавад. Дар ин маҳаллаи навбунёд зиёда аз 300 оила зиндагӣ мекунанд, ки то ба ин замон мактаб ва бунгоҳи тиббӣ надоштанд. Сохтмони ин иншоот аз ҷониби соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шудааст.

Мактаб дар назди мактаби рақами 9-и деҳаи мазкур ҳамчун синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад, ки дорои 14 синфхона барои 390 нафар хонанда пегшбинӣ шудааст. Ин сохтмон аз 2 ошёна иборат мебошад ва аз ҷониби соҳибкорону сокинони ин деҳа ба тариқи ҳашар бунёд мегардад.

Бо ташаббуси соҳибкор Даврон Давронов барои 150 нафар кӯдак дар ҳамин деҳа кӯдакистони замонавии 2-ошёна бунёд мегардад.

Соҳибкори дигар Ҳоҷиев Шариф барои аҳолии ин маҳал бунгоҳи тиббӣ бунёд мекунад. Бунгоҳии тиббии мазкур аз 4 утоқ, 2 ҳуҷра барои муоина ва як ҳуҷраи дандонпизишкиро дар бар мегирад.

Дар рафти сафари кории худ иҷроикунандаи раиси ноҳия аз деҳаи Файзобод низ дидан карда, ба сохтмони мактаб санги асос гузошт. То ин замон ин деҳа мактаби худро надошт ва хонандагон ба мактабҳои деҳаҳои ҳамсоя барои таҳсил мерафтанд. Сохтмони мактаб бо саҳмгузории аҳолии деҳа ба тариқи ҳашар сохта ба истифода дода мешавад. Дар назар аст, сохтмони ин иншоотҳо то охири соли равон ба итмом расанд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here