Бонки Эсхата барои захираи пули нақд ба мизоҷони худ депозитҳои “Хариди фоиданок”, “Даромади устувор”, “Бачагона”, “Захирашаванда”, ”Озод”-ро пешниҳод мекунад.

Депозитҳои амонатии мазкур ба мизоҷон имкон медиҳанд, ки маблағҳои худро сарфакорона захира намуда, даромади ҳармоҳаро ҳамчун фоиз аз пасандозҳои худ ба даст оранд.

Бонки Эсхата барои мизоҷони худ 6 адад депозитҳои амонатиро бо 15 фоизи солона бо асъори миллӣ пешкаш менамояд. Дар шароити имрӯза нигоҳ доштани пул дар хона хатарнок ва бесамар аст, зеро эҳтимол дорад, ки шаҳрвандон онро дар корҳои ба нақша нагирифтаашон низ сарф намоянд. Депозити “Даромади устувор” аз Бонки Эсхата бо солонаи 11 фоиз имкон медиҳад, ки пасандози мизоҷон то нисфи муҳлат пур шавад. Бо истифода аз депозити “Захирашаванда” ва “Хариди фоиданок” бо 12 фоизи солона мизоҷон метавонанд дар охири муҳлат пул гузошта, даромади зиёд ба даст оранд. Барои таҳсили ояндаи фарзандон депозити “Бачагона” амал мекунад, ки мизоҷон пули худро сарфа карда ва бозпас гирифта метавонанд. Агар мизоҷ хоҳад, ки маблағи худро нигоҳ дораду бо хоҳиши худ ба бонк гузорад ва инчунин онро то 3%-и солона афзун созад, метавонад ҳисоби “Озод”-ро интихоб намояд, ки дар шакли хазина сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Бонки Эсхата борҳо аз ҷониби агентиҳои рейтингии байналмилалӣ, ба монанди Moody’s Investors Services, PlanetRating ва MicroFinanzarating барои фаъолияти муътадили молиявӣ, рушди устувор ва нишондиҳандаҳои баланд қадр карда шудааст.

Бо гузоштани маблағ ба депозитҳои амонатии Бонки Эсхата, ба мизоҷон кафолат дода мешавад, ки пулашон сарфа ва зиёд мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here