Дар моҳи декабри соли 2020 нисбат ба дигар моҳҳои ин сол аз бемории коронавирус ва оқибатҳои он дар дунё бисёртар мардум вафот карданд.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз вебсайти Worldometers.com, ки он аз паҳншавии беморӣ маълумот медиҳад, дар моҳи декабр дар ҷаҳон наздики 350 ҳазор нафар аз коронавируси намуди нав вафот кардаанд. Дар моҳи ноябр ин нишондиҳанда наздики 270 ҳазор нафарро дар бар мегирифт, дар моҳи апрел, дар авҷи мавҷи баҳории эпидемия тақрибан 200 ҳазор нафар фавтиданд.

Дар тамоми ҷаҳон то 4-уми январи соли 2021 зиёда аз 1 миллиону 860 ҳазор қурбониён аз коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. Дар баробари ин, таносуби шумораи фавтҳо бо шумораи сироятёфта тадриҷан коҳиш меёбад. Агар дар оғози эпидемия дар баъзе кишварҳо он ба 15 фоиз расида буд, ҳоло бошад, дар миқёси ҷаҳон каме бештар аз 2 фоизро ташкил медиҳад. Шумораи фавтҳо дар моҳи декабр пеш аз ҳама ба афзоиши шадиди шумораи сироятёфтагон вобаста аст. Дар тамоми ҷаҳон шумораи онҳо дар моҳи мазкур 20 миллионро ташкил медод (аз оғоз зиёда аз 85 млн нафар).

— Дар як қатор кишварҳо шумораи фавтидагон аз COVID-19 дар моҳи декабр назар ба моҳҳои дигар хеле боло аст. Дар ИМА дар ин моҳ тақрибан 78 ҳазор нафар фавтиданд, — хабар медиҳад “Голос Америки”.

Дар баробари ин, намояндагони мақомоти нигаҳдории тандурустӣ огоҳ карданд, ки мумкин аст ин нишондиҳанда, сарфи назар аз он, ки ба эмгузаронӣ оғоз карда шудааст, дар моҳи январ боз ҳам боло шавад, Шумораи умумии фавтидагон дар ИМА ба 350 ҳазор нафар расидааст.

Олмон моҳи декабр, аз оғози эпидемия нисфи фавти ҷаҳонро аз коронавирус дар кишвар сабт кард. Оид ба ин масъала маълумоти Донишкадаи Роберт Коха гувоҳӣ медиҳад. Бо муқоиса ба моҳи ноябр, дар декабр шумораи фавтидагон аз коронавирус ду маротиба зиёдтар шудааст ва шумораи умумии онҳо 30 ҳазор нафарро дар бар мегирад.

Дар Русия то ҳол омори баланди фавтидагон дар моҳи декабрро сабт накардаанд. Дар моҳҳои октябр ва ноябр шумораи фавт якбора афзоиш ёфт. Тибқи иттилои ситоди фаврии мубориза бо сироят, ки танҳо як қисми марги гирифторони коронавирусро ба назар мегирад, дар моҳи декабр аз коронавирус тақрибан 17 ҳазор нафар шаҳрванди Русия вафот кардаанд. Ин ҳам нишондиҳандаи баланд аз оғози беморӣ ба ҳисоб меравад.

Дар чанд кишвар оғози эмгузаронӣ аз коронавирус шуруъ шудааст, ки бино ба фикри мутахассисон, бояд эпидемияро таҳти назорат қарор диҳад. Вале дар бештари кишварҳо, аз ҷумла Русия, шумораи эмгирифтаҳо то ҳол чанд фоиз ё ним фоизро ташкил медиҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here