Дар нимсолаи соли равон 87 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз сафи донишҷӯён хориҷ карда шудаанд, ки аз онҳо 4 нафарашон духтарон мебошанд.

Ректори донишгоҳи мазкур Муҳаммад Шодиён имрӯз дар нишасти матбуотиаш қайд намуд, ки омили хориҷ шудани 87 нафар донишҷӯ саривақт ба дарс ҳозир нашудан, ба воситаи нақлиёти шахсӣ омадани онҳо ба дарс ва дигар сабабҳо мебошад.

Мушкилии дигари ин донишгоҳ, ки дар нишаст аз тарафи намояндагони ВАО баррасӣ шуд, норасоии хобгоҳ барои донишҷӯён баланд шудани нархи он, ки ба 680 сомонӣ баробар шудааст, буд.

Ректори донишгоҳ қайд намуд, ки ҳоло донишгоҳ имкони 500 нафар донишҷӯро дар хобгоҳ ҷой доданро дорад.

Ин дар ҳолест, ки шумораи донишҷӯёне, ки дар ин макон рӯзона таҳсил менамоянд, ба 10 ҳазор баробар аст.

Масъулони донишгоҳ гуфтанд, ки ин мушкилӣ то ба Вазорати маориф расидааст.

1 бинависед

  1. Ин ректори мухтарам мегуфтиян, ки маро худи Президент таъин кардаги ва танхо дар назди у масъул хастам, на дар назди коллективи мехнати ва хайати омузгорон…Ёбеду гиред…,

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here