7-уми январ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини вазир Латофат Назирӣ,  кормандони Вазорати маориф ва илм, аъзои ҳакамон ва довталабони озмун даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” оғоз шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илм Имомзода зикр кард, ки ҳамасола гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” дар рушди касбияти беҳтарин мутахассисони соҳа мусоидат мекунад.

— Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави  дастуру таъкидҳои Пешвои миллат таҳсилоти томактабиро яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф меҳисобад ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст, — зикр кард вазир. — Бо дастгирии Ҳукумати кишвар шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 678 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 97164 кӯдак расидааст, ки дар муқоиса бо соли таҳсили 2019-2020-ум 16 муассиса зиёд мебошад.

Мақсади асосии озмуни имсола,  пеш аз ҳама, дарёфти истеъдодҳо, мураббияҳои навовару эҷодкор дар соҳа мебошад. Дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати  касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои муҳими озмун мебошад.

Сипас, муовини вазири маориф ва илм Л.Назирӣ таъкид кард, ки тибқи Низомномаи озмун довталабон дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 6 номинатсия: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбӣ, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, машғулияти таълимӣ ва тасвир ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон донишу малака ва маҳорати касбии худро пешниҳоди аъзои ҳакамон мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни имсола 5 нафар мураббияи муассисаи томактабии №6-и ноҳияи Данғара Гулнора Оймадова, мураббияи муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода, мураббияи муассисаи томактабии №7-и шаҳри Ҳисор Шаҳноза Раҳимова, мураббияи муассисаи томактабии №3-и ноҳияи Рӯшон Наргис Шарипова ва мураббияи муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибоева иштирок доранд.

Даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” рӯзи 9-уми январ ҷамъбаст мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here