Ҳоло ноболиғон ҳам дар рафти даъво аз корд истифода мекунанд, ки боиси ҷароҳат бардоштан ва ба ҷавобгарӣ кашидани тарафҳо мегардад.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи зани 36-солаи сокини деҳаи Обчакорони ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки 5-уми октябри соли 2019, тахминан соати 15:30, писари ноболиғи 17-солаашро Сӯҳроб ва Баҳриддин ном шахсон латукӯб кардаанд. Дар рафти муноқиша онҳо бо олоти халандаю буранда як маротиба ба қафаси синаи писари ин зан зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. ар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар ноболиғи 17-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий