Роҳбари Кумитаи дин, танзими ҷашну анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар сабаби асосии болоравии арзиши сафари Ҳаҷро аз Тоҷикистон ба болоравии қурби доллари амрикоӣ, меҳмонхонаҳои наздик ба хонаи Қаъба ва хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ рабт дод.

Номбурда гуфт, вақте арзиши сафари Ҳаҷ дар Тоҷикистон бо дигар кишварҳои собиқ Иттифоқи шӯравӣ муқоиса карда мешавад, бояд ба инобат гирифта шавад, ки онҳо чанд ва кадом намуди хизматҳоро ба зоирин мерасонанд.

— Ширкатҳое ҳастанд, ки бо арзиши 2-2,5 ҳазор доллар ба ҳоҷиён хизматрасонӣ мекунад. Ба ин танҳо арзиши роҳкиро ва харҷи меҳмонхона дохил мешавад, вале дар муддати Ҳаҷ онҳо чӣ кор мекунанд, ба ширкатҳо бастагӣ надорад. Дар умум агар ҳамаи хизматрасониҳое, ки ба ҳоҷиёни Тоҷикистон расонида мешаванд, ба инобат гирем, арзиши он назар ба кишварҳои ҳамсоя баръакс арзонтар меафтад, — гуфт Давлатзода.

Масъулин гуфтанд, соли гузашта барои Тоҷикистон аз ҷониби Арабистони Саудӣ беш аз 7 ҳазор квота ҷудо шуда буд, аммо бо сабаби муроҷиатҳои ками сокинон барои сафари Ҳаҷ квота пур нашуд.

-Имсол ба Тоҷикистон квота барои беш аз 5 ҳазор нафар ҷудо шудааст. Ҳоҳишмандон кам шудаанд, пур карда наметавонем,-иброз намуд С. Давлатзода.

Коҳиш ёфтани хоҳишмандони сафари ҳаҷ дар ҳолест, ки агар аз як тараф вазъи иқтисодии оилаҳои тоҷик ба ин имкон надиҳад, аз ҷониби дигар хароҷотҳои зиёди дигар аз ҷониби мақомот ба сари довталабони ҳаҷ бор карда мешаванд. Ба қавли чанде аз ҳоҷиёни соли гузашта, онҳо илова бар маблағи сафари ҳаҷ, боз ҳудуди аз ҳазор то 2 ҳазор сомонии дигар бо амри мақомоти маҳаллӣ барои ободонӣ, хонаи маъюбон ва кӯдакистонҳо сарф кардаанд.

Зоирин мегӯянд, масъулин бо ҳар роҳ онҳоро ғорат мекунанд.

Як ҳоҷӣ аз ноҳияи Панҷ, ки соли гузашта сафари ҳаҷ кардааст, гуфт, мақомоти маҳаллии ноҳия танҳо барои бурдани зоирин тарики автобус аз ноҳияи Панҷ то фурудгоҳи Душанбе аз ҳар як нафар 90 сомонӣ ситонидаанд. Ин дар ҳолест, ки арзиши роҳкиро барои як нафар аз Панҷ то Душанбе 30-35 сомонӣ ва бо назардошти рӯзҳои сермизоҷӣ, аз ҷумла арафаи идҳои мусалмонию Соли нави милодӣ то 40 сомонӣ баланд меравад.

Ёдовар мешавем, арзиши сафари Ҳаҷи имсола дар кишвар 35 ҳазору 128 сомонӣ, баробар ба 3700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли гузашта тақрибан 1800 сомонӣ ва соли 2016-ум ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ бештар аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here