Дар доираи сафари расмӣ дар Давлати Қатар раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони ӯ — вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Дилрабо Мансурӣ дар маркази тиҷоратии «Мол Қатар» (Mall of Qatar) бо фаъолияти ин марказ шинос шуданд.

Тибқи  иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз Давлати Қатар, дар маркази тиҷоратии «Мол Қатар» Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯро раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозӣ истиқбол намуда,  ба онҳо роҷеъ ба  таърихи ташаккул, фаъолият ва дастовардҳои «Мол Қатар» маълумоти мукамал дод.

Таъкид гардид, ки  дар маркази мазкур нуҳ бонки калонтарини ҷаҳон ва чор ширкати сайёҳии байналмилалӣ намояндагиҳои худро ифтитоҳ намуда, бо Давлати Қатар ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин дар дохили ин марказ ширкати «Калифур» — яке аз пурнуфузтарин ширкаҳои дунё фаъолият мекунад,

Сохтмони қисмати дуюми бинои  «Мол Қатар» аз моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардида, тибқи нақша дар ин ҷо боз як меҳмонхонаи панҷситорадор, биноҳои истиқоматӣ барои 1200 ҷой, мактаби байналмилалӣ барои 1400 нафар толибилм  ва макони фарҳангӣ барои куӯакон сохта мешаванд.

Раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозӣ ҳамчунин иттилоъ дод,  ки тамоми корҳое, ки анҷом  дода мешаванд, дар доираи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳонии футбол, ки соли 2022 дар Қатар  баргузор мегардад, сурат мегиранд.

Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозӣ иброз намуд, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони соҳибистиқлолӣ  сохтмони иншоотҳои бузурги ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, бо шарофати сиёсати бобарори иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама корҳои созандагию бунёдкорӣ амалӣ мегарданд.

Пас аз шиносоӣ бо маркази тиҷоратии «Мол Қатар» раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров бо нишони эҳтиром нисбат  ба таъриху фарҳанг ва мардуми ин кишвар ба раиси ин марказ туҳфаи хотиравӣ супурда, ба ин кишвари ба мо дӯст шукуфоӣ ва ба халқи бародари Қатар саодатмандӣ орзу намуд.

Зуҳуровро дар ин сафар сафири мухтор ва фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода хамроҳӣ мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here