Хабари хуш барои корбарони навраси интернет ин аст, ки портали кӯдаконаи Tcell навсозӣ карда шуд ва қаҳрамонони маҳбуб аз силсилаи LEGO, Барбӣ, Маша ва Хирс, Angry birds ва ғайра дар сомонаи http://kids.tcell.tj интизори кӯдаконанд.

Портал бештар аз 1000 филму наворҳои тасвирӣ барои кӯдакон, сериалҳои маъмулии аниматсионӣ, афсонаҳои садоӣ, бозиҳои таълимӣ, суруду мусиқиҳоро барои атфол пешниҳод менамояд. Ҳамаи ин дар ҳама гуна дастгоҳҳо бо сифати баланд, дар вақти дилхоҳ ва дар ҳама ҷое, ки минтақаи фарогирии 3G ва 4G аз Tcell мавҷуд аст, дастрас мебошад. Зарурати ташвиш кашидани волидайн вуҷуд надорад, ки дар куҷо ва чӣ тавр кӯдак вақтро дар Интернет мегузаронад: ҳама мӯҳтаво (мундариҷа) тафтиш карда шуда, дорои иҷозатнома мебошанд.

Дар портали кӯдакон сабти ном кунед ва филмҳову мултфилмҳоро дар формати Full HD тамошо кунед, аудиокитобҳо ва афсонаҳоро гӯш кунед, ҳамагӣ 1,2 сомонӣ дар як рӯз бидуни трафики интернет. Фармони пайвастшавӣ * 4006 #.

Истироҳати хуш таманно дорем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here