Президенти Русия Владимир Путин дастур додааст, ки аз ҳафтаи дигар дар кишвар ба эмгузаронии оммавӣ шуруъ кунанд. Путин дар ин бора дар як маҷлиси онлайнӣ сухан гуфтааст.

“Ба мо лозим аст, ки аз эмгузаронии васеъ ба эмгузаронии оммавӣ гузарем. Барои иҷрои ин амал мо бояд инфрасохтори мувофиқро омода кунем. Барои расонидани ваксинаи мо ягон ҳолати фавқулодда, ба монанди дамои -50 ё -70 дараҷа даркор нест. Аз мо осонтар ва бисёр ҳам самараноктар фаъолият мекунад”, — қайд кардааст Путин.

Муовини сарвазир Татяна Голикова қайд кардааст, ки барои иҷрои фармони Путин ҳукумат тайёр аст ва эмгузаронии оммавии алайҳи коронавирусро аз 18-уми январ шуруъ хоҳанд кард.

Русия, ки дар омори ҷаҳонии гирифторӣ ба COVID-19 дар ҷои чорум қарор дорад, бо вуҷуди дар марҳилаи сеюми ниҳоии озмоишҳои клиникӣ қарор доштани ваксинаи коронавирус — “Спутник V”, эмгузаронии васеъро оғоз кард.

Бино ба маълумоти Фонди сармояи хусусии русӣ, аз эмгузаронии ваксинаи “Спутник V” ним миллион шаҳрванди Русия гузаштаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here