Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, 11 октябр дастур дод, ки имтиёзҳои иҷтимоӣ барои об, газ ва барқи ройгон бекор карда шаванд. Ин дастур дар ҳоле сурат мегирад, ки даромади буҷаи Туркманистон дар пасманзари коҳиши арзиши нерӯи барқ ва интиқоли он ба хориҷ, кам гардидааст.

Дар фармони Бердимуҳаммадов омадааст, ки тарофаҳои пардохти об шурӯъ аз 1 ноябр то 1,43 доллар барои ҳар 10 метри мукааб об зиёд карда шавад. Бердимуҳаммадов дар ибтидои ҳафтаи ҷорӣ гуфтааст, ки имтиёзҳои иҷтимоӣ марҳила ба марҳила барҳам дода хоҳанд шуд.

Шаҳрвандони ин кишвар дар ҳоли ҳозир қисман газ ва нерӯи барқи ройгон дарёфт мекунанд. “Замоне фаро расид, ки захираҳои давлатиро бо эҳтиёт ва сарфакорона истифода барем”, — чанде пеш гуфта буд Бердимуҳаммадов.

Даромад аз ҳисоби барҳам додани имтиёзҳои иҷтимоӣ ба барномаҳои сармоягузории ҳафт соли оянда сарф хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here