Олимони Туркия дастгоҳе сохтаанд, ки он метавонад дар даҳ сония COVID-19-ро дар бадани инсон маълум кунад. Дар ин бора вебсайти Донишгоҳи Билкент хабар медиҳад.

Усули кори дастгоҳи Diagnovir на ба такрори намуна, балки ба хосиятҳои оптикӣ асос ёфтааст. Барои озмоиш, намунае аз луобпардаи даҳон истифода мешавад, баъдан онро бо маҳлули махсус омехта мекунанд ва дар дастгоҳ мегузоранд. Дар гузориш омадааст, ки дар ҷараёни таҳқиқоти пеш аз клиникӣ дастгоҳ 99 дарсад коронавирусро ошкор кардааст.

Бояд ёдовар шуд, ки қаблан низ дастгоҳе, ки метавонад бемории COVID-19-ро дар муддати на камтар аз 20 дақиқа ташхис кунад, аз ҷониби олимони кореягӣ сохта шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here