Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва коҳиш додани хушунати хонаводагӣ аз масоили мубрам буда, аз ҷоинби кумитаву ниҳоди дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тавре дар сӯҳбат мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Маҳмадалиева гуфт, маркази захиравии пешгирии зӯроварии хонаводагӣ  бо телефони боварии 13- 13 фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза бо ҷабрдидагони  хушунати хонаводагӣ доир ба пешгири ҳамаи омилҳои номатлуб, ки байни аъзоёни хонавода рух медиҳад, кор мебарад. Дар ин самт равоншиносону ҳуқуқшиносон ҳам ҷалб шудаанд.

— Дар мавриди дастгирӣ намудани оилаҳои осебпазир ва занони маъюб аз ҷониби кумита дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд  ҷойҳои нав корӣ таъсис дода шуданд, — мегӯяд Сабоҳат Маҳмадалиева, — 8 сехи хурди дӯзандагӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, 2 сехи калонтарин дар Душанбе, 1 сехи хурд бо таъсиси 20 ҷойи корӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба занони маъюб, ки хонанишин ҳастанду қобилияти корӣ доранд, мошинҳои дӯзандагӣ тақдим шудаанд.

— Шурӯъ аз  соли 2016 то 2019 дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷумҳурии мардуми Чин дар Тоҷикистон, зиёда аз 320 ҷойи корӣ барои бонувони хонашине, ки касби дӯзандагӣ доранд, таъсис додем ва дар ин сехҳо зиёда аз 480 нафар духтарро ба касбомӯзӣ ҷалб кардем, — мегӯяд мудири бахши иттилоот Сабоҳат Маҳмадалиева.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here