Аз 25 то 30-юми августи соли равон дар кафедраи таърихи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов рӯзноманигорон, донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба ҳодисаҳои дар Осиёи Марказӣ рух дода таваҷҷуҳ доранду барои такмил додани малакаи касбии худ омодаанд, инчунин барои омӯзиши равандҳои иҷтимоию сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ аз ҷониби Мактаби байналмилалии медиа-ҷавонони “Медиатсия” даъват шудаанд,  гирд омаданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барномаи кунунии сиёсиву иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ на танҳо ба мавзӯи муҳокима дар минтақа, балки ба мавзӯи мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон ва таҳлилгароне, ки дар ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия кор мекунанд, ташкили мубодилаи таҷриба ва равобити ҳирфаии намояндагони ВАО муҳим аст.

Барномаи мактаб аз курси назариявӣ иборат буда, мушкилоти асосии равандҳои ҳамгироиро фаро мегирад ва машқҳои амалии он ба тавсеа додани касби журналистӣ равона шудаанд.

Маърӯзачиён – рӯзноманигорони маъруф, коршиносони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва муҳаррирони ВАО БережнаяТ.С., Хаспекова Д.М., Войтоловский Ф.Г., Долгов С., Тулиндинова Ж.К., Сергей Иванов ба рӯзноманигорон ва мутахассисони ҷавон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар бораи тарзи интихоби сарлавҳаи хуби мақола, матни аълосифат дарс омӯзониданд. Инчунин, дар бахши “Барои кадом амалатон сардабир шуморо дӯст намедорад?” иштибоҳҳои рӯзноманигоронро ҳангоми интихоби мавзӯъ, навиштани матн ва пешниҳоди матлаб шарҳу тавзеҳ доданд.

Илова бар ин, дар доираи мактаби мазкур коршиносони байналмилалӣ андешаҳои худро ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар минтақа баён намуда, асрори навиштани маводи бомуваффақияти таҳлилиро баррасӣ карданд.

Иштирокчиёни Мактаби байналмилалии “Медиатсия” на танҳо бо маводи назариявии баромадкунандагон шинос шуданд, балки дар дарсҳои маҳорат, бозиҳои интерактивӣ иштирок ва дар ҷараёни омӯзиш лоиҳаҳои хурдро ҳимоя карданд.

Ҳамзамон, дар доираи барнома рӯзноманигорони ҷавон ва муҳаққиқон аз дафтари оҷонсии хабаргузории Sputnik ва ТК«БолшаяАзия» боздид карда, бо муҳити фаъолияти ҳамкасбони худ аз оҷонсиҳои хабарии пешрафтаи кишварҳои ИДМ шинос шуданду сӯҳбат карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here