Имсол дарсҳо дар мактабҳои Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 1-уми сетябр оғоз мешаванд. Дар ин бора ОИ «Суғднюс» дар такя ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ин вазорат дар ин бора 26-уми август дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба имзо расидааст. Мувофиқи ин дастур, новобаста аз он, ки рӯзи 1-уми сентябр ба рӯзи якшанбе рост меояд, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон «Рӯзи дониш» қайд карда мешавад. Рӯзи истироҳат ба рӯзи 7-уми сентябр гузаронида шудааст. Ҳамин тавр хонандаҳову донишҷӯён рӯзи шанбеи аввали моҳи сентябр истироҳат хоҳанд кард.

Добавить комментарий