Вазорати маориф ва илм аз оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ хабар дод ва эълон кард, ки соли таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ аз 17 августи соли 2020 оғоз гардида, 14 июни соли 2021 ба охир мерасад.

Дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар 3 баст ташкил карда мешаванд. Дар басти якум синфҳои 1, 9, 10 ва 11, дар бастҳои дуюм ва сеюм синфҳо вобаста ба шароити ҳар муассиса ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Соли таҳсил ба 2 нимсола ҷудо гардида, таътилҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда мешаванд.

Дар ҳолати зарурат дарсҳо тавассути платформаи Мактаб-мобайл, барномаҳои шабакаҳои иҷтимоии Онлайн ва Офлайн ва дарсҳои радиову телевизионӣ дар чорякҳои якум ва дуюм ба роҳ монда мешавад.

Вазорат як қатор тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи

бемории сироятии коронавирус (COVID-19) пешниҳод кардааст:

Бо мақсади риояи масофа байни хонандагон дар саҳни муассисаи таълимӣ ба андозаи 1,5-2 метр хатҳои уфуқӣ кашида шавад.

Дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ кормандони тиб ва омӯзгорон мунтазам вазъи саломатии хонандагонро муоина намоянд.

Хонандагон бояд дар машғулиятҳои таълимӣ ҳатман ба ниқоби муҳофизатӣ ва маҳлули безараргардонӣ (антисептикӣ) иштирок намоянд.

Ҷиҳати пешгирии беморӣ воридшавӣ ва баромадани хонандагон аз даромадгоҳи алоҳида ба роҳ монда шуда, зинапояҳои бино ва баромадгоҳҳои эҳтиётӣ дар ҳолати истифодабарӣ қарор дода шавад.

Машғулиятҳои таълимӣ бо назардошти имконияти маҳалҳо ва муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеият тибқи муқаррарот ташкил карда шавад.

Машғулиятҳои таълимӣ аз ҳамаи фанҳо дар синфхонаҳо, бе назардошти кабинети фаннӣ ба роҳ монда шавад.

Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ мувофиқи имконият аз синфхона берун гузаронида шавад.

Дар раванди дарсҳои технологияи меҳнат духтани ниқобҳои муҳофизатӣ ба роҳ монда шавад.

Дар раванди таълим омӯзгорон бояд аз хонандагон то 2 метр фосила гиранд.

Толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншоотҳои ёрирасон муваққатан ҳамчун синфхонаи таълимӣ истифода шавад.

Дару тирезаҳои синфхонаи таълимӣ новобаста ба вазъи обу ҳаво бо мақсади таъмин намудани ҳавои тоза ва шамолдиҳии синфхона мунтазам кушода шавад.

Дар давоми рӯз ва дар байни бастҳо ҷойҳое, ки рафту омади хонандагон зиёд аст, аз қабили ошхонаи мактаб, ҷойҳои дастшӯӣ, ҳоҷатхонаи мактаб мунтазам безарар гардонда ва тоза нигоҳ дошта шавад.

Шустани даст ба хонандагон мунтазам таъкид карад шавад.

Мавҷудияти собун, маҳлули дезинфексионӣ пеш аз оғози дарс ва басти навбатии мактаб зери назорат гирифта шавад.

Маҳдуд намудани ташрифҳои нолозим ба бинои таълимӣ ва ҳангоми зарурат ворид шудани шахси масъул бо ниқоб.

То ҳадди имкон маҳдуд намудани тамоси байни хонандагон тавассути ба низом даровардани ҷадвали дарсҳо ва вақти танаффус (масалан, 5 дақиқа пештар ҷавоб додани хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз дарс. бо навбат ба танаффус ҷавоб додани хонандагон).

Дар ҳамаи ҳолатҳои имконпазир кам кардани шумораи хонандагон дар синфҳо (баробар ҷудо намудани хонандагони синф ба зергурӯҳҳо).

Ҷо ба ҷо гузоштани ҷои нишасти хонандагон бо риояи фосилаи на камтар аз 1 метр (масалан, ба тартиби шоҳмот гузоштани курсиҳо).

То ҳадди имкон маҳдуд кардани ҷамъшавии хонандагон ва омӯзгорон дар синфхона ва берун аз он.

Баррасӣ намудани имконияти ташкили долонҳои яксамта барои маҳдуд сохтани тамоси наздик (Масалан, ранги сабз барои яктараф ва ранги сурх барои нагузаштан ба роҳрави самти муқобил).

Барои муайян намудани хатсайрҳои яксамта дар фаршҳо ё девори муассиса (роҳравҳо) гузоштани аломатҳои муайянкунанда.

Гузоштани аломатҳои шартӣ ба самти ҳаракати хонандагон, омӯзгорон ва дигар шахсони ташрифоваранда.

Барои истифода аз ошхонаи муассиса дар вақти муайян хонандагон ба гурӯҳҳо тақсим карда шаванд, то бо навбат аз ошхона истифода намоянд.

Дар ҳолати будани имконият хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо риояи талабот дар синфхонаи таълимии худ ғизо истеъмол намоянд.

Бо мақсади кам намудани теъдоди хонандагон дар ошхона вақти хӯрокхӯрии хонандагон ба танзим дароварда шавад.

Ташкил ва истифода аз ҷойҳои иловагӣ ва фазои кушод барои хӯроки нисфирӯзии кормандон, хонандагон ва донишҷӯён.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here