Аз ҳисоби маркази савдои “Абу Сахӣ”-и пешин дар як моҳ ба буҷаи Ӯзбекистон 5 миллиард сӯм (муодили тақрибан 614 ҳазор доллар) фоида ворид мешуд, вале баъди бозтаъсиси он дар 15 рӯз 35 миллиард сӯм даромад ҳосил шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст.

Охири соли гузашта маркази савдои “Абу Сахӣ” дар шаҳри Тошканд ба маҷмаи тиҷоратии “Тошканд ипак йули” тағйири ном кард.

“Абу Сахӣ” дар соли 2006 аз сӯи домоди хурдии президенти пешини Ӯзбекистон Темур Тиллоев таъсис ва ба бузургтарин ширкати воридоти маҳсулот аз хориҷ ба кишвар табдил шуд.

Дар замони роҳбарии Ислом Каримов ин маркази савдо, ки дар 25 гектар замин доман паҳн кардааст, ба бузургтарин бозори фурӯши яклухт табдил шуд. Ин бозор натанҳо пойтахти Ӯзбекистон, балки ҳамаи вилоятҳои кишварро бо маҳсулоти хориҷӣ таъмин мекард.

14 декабри соли 2017 хабар расид, ки “Абу Сахӣ” соҳиби нав пайдо мекунад. Вакили дифои Темур Тиллоев ин хабарро тасдиқ кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here