Гармои шадид боиси баланд шудани сатҳи оби дарёи Зарафшон шудааст, ки дар натиҷа беш аз 100 метр роҳи мошингарди байни ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ хароб гардидааст. Дар ин бора АИ “Суғднюс” аз қавли сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербутаев хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ҳаракати сокинон дар 24 километри ин роҳи мошингард муваққатан қатъ гардидааст. Ин ҳодиса 27-уми июл рух додааст ва хушбахтона талафоти ҷонӣ надоштааст.

Оби дарёи Зарафшон наздики 80 километр роҳҳоро шустааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса сангрезаҳо ба дарё рехтаанд. Ин қисмати роҳ барои равуо хатарнок шудааст. Ҳоло барои боз кардани роҳи муваққатӣ корҳо анҷом дода мешаванд. Дар ин нуқта 7 адад техникаи Вазорати нақлиёт кор мекунанд. Шербутаев гуфтааст, ки кӯшиш мекунанд, то дар рӯзҳои наздик ҳаракати нақлиётро миёни ин ду ноҳия барқарор кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here