Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшони вилояти Суғд аз пайдо кардани аслиҳа ва моддаҳои тарканда дар ҳудуди деҳоти Панҷакент хабар доданд.

Зимни азназаргузаронӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дар зери сангҳои калони куҳӣ болотар аз деҳаи Оби Борики ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент як адад борхалтаи сафед ва ду адад халтаи орди рангаш сафед дарёфт карда шудааст. Аз дохили борхалтаҳо маводи таркандаи намуди аммонал ба миқдори 1323 грамм, маводи таркандаи тротил ба миқдри 904 грамм, 15 адад пистони таркишдиҳанда, ресмони таркишдиҳанда, як адад силоҳи оташфишони якмилаи кулангдори шикории ИЖ 17 қутраш 16, як адад силоҳи оташфишони тамғаи ИЖ 17 қутраш 16 ва як адад силоҳи оташфишони тамғаи ТОЗ қутраш 5.6 дарёфт гардидааст, ки пурра дар ҳолати коршоямӣ қарор доштанд.

Вобаста ба ҳолати зикргардида бо моддаи 195, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here