Дар хабар аст, ки чемпиони мавсими 2018-уми чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ соли 2019 дар Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат хоҳад кард.

4-уми декабр дар Куала-Лумпури Малайзия Конфедератсияи футболи Осиё конфронсе доир кардааст, ки дар он қарори ба даври плей-оффи ин мусобиқа бонуфуз роҳ додани Тоҷикистон бароварда шудааст.

Футболи Тоҷикистон бо шарофати ҳунарнамоии хуби клуби футболи «Истиқлол”-и Душанбе, ки то ба финали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 роҳ ёфт, имкони ширкат дар Лигаи чемпионҳои Осиёро  соҳиб шудааст. Клуби «Истиқлол” имсол дар  даври финалии Ҷоми КФО бо дастаи ироқии “Эйр Форс” мубориза бурд. Ин бозӣ 4-уми октябри ҳамин сол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд ва бо натиҷаи 0:1 ба фоидаи меҳмонон ба охир расид.

Ин клуби шаҳри Душанбе соли 2015 низ ба финали ин мусобиқа роҳ ёфта буд, аммо дар он бозӣ (31-уми октябрис соли 2015) ҳам бо ҳамин натиҷа аз дастаи “Ҷохар Дорул Такзим”-и Малайзия шикаст хӯрда буд.

Футболи Тоҷикистон дар рейтинги техникии клубҳои минтақаи Ғарб ба зинаи 7-ум баромадааст ва ин имкон медиҳад, ки дастаи ғолиби чемпионати кишвар бо азимдастаҳои осиёӣ дар Лигаи чемпионҳо бозӣ кунад.

Дар мавсими нав ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар Ҷоми КФО-2018, ки дуюмин мусобиқаи бонуфузи қитъа ба ҳисоб меравад, ширкат мекунанд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here