«Tcell-и Ман» ин маркази хизматрасонии шахсии шумост, ки яке аз бартариҳои он фармоиш додани тафсилот, ё ҷузъиёти хароҷот мебошад. Ҳамин тавр, шумо метавонед, шаффофияти ҳисоб (масрафот)-и маблағро аз суратҳисобатон пурра назорат кунед. Хизматрасонии дархости тафсилоти хароҷот комилан ройгон аст. 

Тафсилот ин рӯйхати пурраи амалҳоест, ки муштарӣ аз рақами мушаххас дар вақти муайян иҷро мекунад, инчунин арзиши онҳо.

Дар «Tcell-и Ман» имконияти дархости тафсилоти хароҷот барои 7 рӯзи гузашта дар шакли    PDF мавҷуд аст.

Ин барнома барои боргирӣ дар Google Play тариқи суроғаи (https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.tcell.odp) ва дар App Store (https://apple.co/2u4nrl1) дастрас буда, ҳамчунин дар утоқи инфиродӣ тавассути пайванди    http://my.tcell.tj ба он ворид шудан мумкин аст.

Барои муштариёни Tcell истифодаи замимаи “Tcell-и Ман” ройгон аст.

Дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ, оператори навовар ва пешсафи бозори мухобироти кишвар- Tcell бо хостаҳо ва ниёзҳои муштариён амал менамояд. Шаффофият ва боз будан — аз аслҳои воқеии фаъолияти Tcell мебошад. Бо кӯмаки хизматрасонии тафсилот ҳар як муштарӣ метавонад мустақилона хароҷоти худро барои алоқаи мобилӣ тафтиш ва назорат кунад.   

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here