Дирӯз ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик Фотима Ғуломова бар асари беморие, ки дошт дар синни 86-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора фарзандони ӯ хабар доданд. Чанде пеш ҳасари ӯ ҳунарпешаи маъруф Ҳабибулло Абдураззоқов низ дунёро тарк карда буд.

Фотима Ғуломова (Ғуломова Фотима Ҳасановна; 31 декабри 1934, ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон — 1 марти 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990).

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскав (1960).

Фаъолияти кориашро cоли 1960 дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳоло Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд) оғоз ёфт. Аз соли 1961 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ. Ғ. дар соҳаи театр ва кино зиёда аз 100 образ офаридааст.

Беҳтарин нақшҳои иҷрокардааш дар намоишномаҳои театрӣ: Хонзода («Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ниёзӣ), Гонерил («Шоҳ Лир»-и В. Шекспир), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Фирдавсӣ), Нигина («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Бунафша («Духтари қишлоқӣ»-и М. Иброҳимов), Клариче («Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони), шоҳдухтар («Шоҳгавазн «-и К. Готсе), Любочка («Камбағалӣ айб нест»-и Н. Островский), Рина («Худораҳматӣ»-и Б. Нушич), бибӣ (филми «Овора»-и Г. Муҳаббатова), бибӣ («Нишона»-и А. Зокиров) ва ғ. Нақши зани тоҷикро дар бисёр намоишномаҳову филмҳо бо дарназардошти хислатҳои миллӣ хеле бомаҳорат бозидааст. Мунаққиди асарҳои театрӣ Римма Кречетова дар маҷаллаи «Иные берега» (чопи соли 2009) ба ҳунари бозигарии Фотима Ғуломова дар образи модари аламдор (намоишномаи «Омурзиш»-и Б. Абдураззоқов) баҳои баланд додааст. Ин намоишномаро он вақт Театри давлатии драмаи русии ба номи В. В. Маяковскийи Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмилалии ҳунарии «Дидор дар Руссия» (Встречи в России) ба намоиш гузошта буд, ки Фотима Ғуломова ро минҳайси як ҳунарманди бузург муаррифӣ кард ва дар Порис тамошогарон маҳз ба хотири ҳамин нақши ӯ 40 дақиқа росто кафкӯбӣ кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here