Журналисти маъруфи тоҷик Турко Дикаев шаби гузашта дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.

Бино ба гуфтаи наздикони марҳум, чанд рӯзи охир бистарӣ буда, аз бемории қалб азият мекашид.

Ӯ ба ҳайси хабарнигор дар нашрияҳои гуногуни минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла дар “Азия-Плюс” низ фаъолият дошт. Баъди ба нафақа баромадан ба кори суратгирӣ ва журналистикаи озод машғул шуд.

Ба гуфтаи рӯзноманигорони тоҷик саҳми Турко Дикаев дар тарбияи насли нави журналистони минтақаи Кӯлоб хеле назаррасу арзанда аст ва бештаре аз шогирдони марҳум имрӯз дар расонаҳои шинохтаи кишвар кору фаъолият мекунанд.

Соли 2015 Турко Дикаев аз ҷониби САҲА журналисти беҳтари сол дониста шуд. Чандин маротиба журналисти соли шаҳри Кӯлоб эътироф гардидааст.

Маркази тадқиқоти журналистӣ ин талафотро ба ҳамкасбон, хешону наздикони марҳум таслият мегӯяд. Хонаи охирати марҳум обод ва равонаш шод бод!

Акс аз Asia-Plus

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here