Журналисти шинохта, шореҳи маъруфи варзиш Даврон Ғуфронов бар асари беморӣ дунёро тарк кард.

Даврон аз ҷумлаи журналистоне буд, ки дар солҳои мушкил дар сафи дигар рӯзноманигорони кишвар чун нафари собиқ ба касби хеш барои миллат кӯшиш кард. Даврон Ғуфронов дар ҳафтаномаҳои маъруфи «Тоҷикистон», «Азия плюс», «Варзиш-Спорт» ва ғайраҳо фаъолият карда, аз беҳтарин журналистони ҳирфаии риштаи варзиш буд. Солҳои охир бахши варзиши «Озодагон»-ро бар ӯҳда дошт.

Ғуфронов пас аз бемори кӯтоҳе дар синни 45-солагӣ дар Душанбе чашм аз дунё пӯшд. Равонаш шоду хонаи охираташ обод бод.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба аҳли оилаи журналист, ба ҳамкорону ҳамқаламони Даврон Ғуфронов ин талафоти гаронро таслият мегӯяд. Худованд ба ҳамаи мо сабр ато кунад ва дӯстамонро биёмурзад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here