Дирӯз, 24-уми октябр, дили адабиётшиноси тоҷик, собиқ корманди Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон Валӣ Самад дар синни 83-солагӣ аз тапидан бозмонд.

Валӣ Самад 20 январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шудааст. Пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд даст ба пажуҳишҳои илмӣ зада, дертар барои навиштани рисола дар бораи равобити адабӣ миёни тоҷикон ва озариҳо дар Академияи илмҳои Озарбойҷон кор кардааст.

Аз он ба баъд бахши умдаи ковишҳои илмии ӯ ба масъалаҳои робитаҳои адабӣ миёни ақвоми форсизабон ва марказҳои адабию фарҳангии Қафқоз ихтисос ёфтааст. Дар ду даҳаи ахир ӯ бештар машғули таҳқиқи пайвандҳои адабиёти классикии форсу тоҷик ва афкори бедии сокинони Аврупо, аз ҷумла Русия гардид. Натиҷаи ин ҷустори илмӣ китобе бо номи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский» шуд, к иду дафъа ба нашр расидааст. Пеш аз он Валӣ Самад рисолаи «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар Қафқоз»-ро мунташир намуд, ки баъдан дар Эрон низ ба чоп расид. Равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбек аз мавзуи 15 рисола ва наздики 400 мақолаи ин муҳаққиқанд.

Аммо шуҳрати Валӣ Самад аз фаъолиятҳои ҷамъиятии ӯ низ маншаъ мегирад, ки бештар ба ҳифзи забони модарӣ ва эҳтирому ифтихори миллӣ дар давраи фарҳангзудоии Шӯравӣ рабт доштанд. Доираҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангииТоҷикистон ӯро ҳамчун “катализатор” ё фурӯкушои ташаббусҳои мадание медонанд, ки гоҳе бо мақомоти сиёсии ҷумҳурӣ сари масъалаҳои нодидагирӣ ё камбинӣ нисбат ба забону фарҳанги миллӣ, ҳамла ба донишмандон, беадолатӣ нисбати мероси таърихӣ ва ғайра вориди мухолифат ва ҳақталошӣ мешуданд.

Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, узви Анҷумани ховаршиносони Арманистон, узви раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Рӯдакӣ» (Эрон) ва «Адаб» (Тоҷикистон) буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here