Дишаб қалби собиқадори матбуоти точик, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, аълочии матбуот, рӯзноманигор Турдиалӣ Бойбобоев дар синни 82-солагӣ аз задан бозмонд.

Ҷанозаи марҳум, имрӯз, 25-уми октябр, соати 12 дар дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 120 (собиқ Карл Маркс) дар наздикии чорроҳаи осорхонаи Мирзо Турсунзода, шафати хона-музейи Зиёдулло Шаҳидӣ баргузор мегардад.

Турдиалӣ Бойбобоев соли 1936 дар ноҳияи Ашт, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №1-и ба номи Умари Хайёмро дар зодгоҳаш хатм карда, ба Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба факултети таъриху филология дохил шудааст.

Моҳи августи соли 1962 корро дар рӯзномаи “Ифтихори Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа шуруъ мекунад. Сипас, ба рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) ба кор даъват мешавад. Дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ҳам аввал хабарнигори махсус, минбаъд ба ҳайси мудири шуъбаи кишоварзӣ 21 сол ифои вазифа намудааст. Соли 1988 маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” таъсис ёфт, ки Турдиалӣ Бойбобоев аввал муҳаррири шуъба ва аз соли 1993 то апрели соли 2012 вазифаи сардабирии онро бар уҳда дошт. Собиқаи беш аз 50-солаи кор дар матбуотро дорад. То ҳол навиштаҳояш дар 17 китоб нашр шудаанд. Соли 2006 китоби аввалинаш “Қулла” ва минбаъд ду китоби дигараш “Теғи шифо” ва “Ангушти шашум” аз чоп баромадаанд. Т. Бойбобоев дорандаи ордени “Нишони фахрӣ”, медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок”, “Собиқадори меҳнат”, Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва дорандаи тахассуси олим-агроном мебошад.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги собиқадори матбуоти тоҷки андуҳгин буда, ин талафотро ба ҳамаи журналистони кишвар ва наздикони марҳум таслият мегӯяд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here